Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 23:14

Сел дар ноҳияи Рашт як манзилро тахриб кард

6 апрел 2012, 10:54

Резиши ярч роҳи мошингарди байни Тавилдара ва Дарвозро масдуд кардааст.

Тибқи иттилои Наргис Нурова, масъули дафтари матбуоти кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон воқеа шаби гузашта дар километри 35-уми ҷодаи мазкур ба вуқӯъ пайвастааст. Ба иттилои манбаъ ҳамчунин борони шадид ва омадани сел тахминан соатҳои 19:30-и дишаб дар деҳаи Пандови мавзеи Булбули ноҳияи Рашт як манзили маскуниро хароб кардааст. Хушбахтона ин ҳодиса хисороти ҷонӣ надоштааст.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!