Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 06:53

Озмуни «Сомонаи беҳтарини Наврӯзӣ» ҷамъбаст гардид

6 апрел 2012, 11:33

Аз ширкати Вавилон ба Озодагон хабар доданд, ки маросими ҷоизасупорӣ дар маркази такмили ихтисоси Вазорати маориф баргузор шудааст.

Ба итилои манбаъ, озмун бо ташаббуси Вазорати маорифи Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Анҷумани дастраскунандагони Интернет, Фонди ҷамъиятии «Интернет», Фонди ҷамъиятии «Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати Интернет» ва бо сарпарастии ширкати «Вавилон-Т», ширкатҳои телекоммуникатсионии «Вавилон-Мобайл» ва «Tcell» роҳандозӣ шуд. Дар сабқати имсола тарҳи 27 сайт пешниҳод шудааст, ки нисбат ба як соли қабл 13 сомона зиёд мебошад.

Бино ба иттилои манбаъ, зинаи аввалро Суҳроб Ниёзов-лабаранти Мактаби  технологияи Иттилооти ва иртиботи аз шаҳри Душанбе соҳиб шудааст.

Вазорати маорифи кишвар ба ин назар аст, ки  гузаронидани чунин озмунҳо ба кадрҳои ҷавону болаёқат дар соҳаи технология иттилоотӣ имкон медиҳад, ки худро муаррифӣ кунанд.

Мавриди ёдоварист, озмуни «Сомонаи беҳтарини наврӯзӣ» соли дувум аст, ки гузаронида мешавад.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!