Бахшҳо

Президент ба кори намояндаи доимии Бонки осиёии рушд баҳои баланд дод

Шоми дирӯз, 6-уми апрел президент Эмомалӣ Раҳмон намояндаи доимии Бонки осиёии рушд дар Тоҷикистон Ҷоҷи Токеширо ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории дуҷониба баррасӣ шуд.   Тавре ба Озодагон аз хадамоти матбуотии сарвари давлат хабар доданд, Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти ба поён расидани муҳлати фаъолияти Ҷоҷи Токеши дар Тоҷикистон ба кори сесолаи ӯ баҳои баланд дод. Тавре иттилоъ дода шуд, аз соли 1998 ба ин сӯ аз ҷониби Бонки Осиёии рушд ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 860 миллион доллари амрикоӣ қарзҳои имтиёзнок, грантҳо ва кӯмаки фаннӣ ҷудо гардидааст, ки 350 миллиони он ба 3 соли охир рост меояд. Ҷоҷи Токеши, ки минбаъд намояндаи Бонки осиёии рушд дар Афғонистон хоҳад буд, дар навбати худ изҳор дошт, ки минбаъд низ бо Тоҷикистон ҳамкории худро идома хоҳад дод. Тавре зикр гардид, бисёр лоиҳаҳои сармоягузорӣ мавҷуданд, ки ба рушди ҳамкории минтақавии Тоҷикистону Афғонистон ва дигар кишварҳои минтақа равона гардидаанд ва Бонки осиёии рушд дар татбиқи онҳо иштироки фаъол хоҳад дошт. Ҷонибҳо ба азми устувори Тоҷикистону Бонки осиёии рушд ба пайвастани шабакаҳои нақлиётию энергетикии Тоҷикистону Афғонистон бо Туркманистону Покистон, аз ҷумла доир ба кашидани хатҳои барқу газ ва бунёди роҳҳои оҳану мошингард, таъкид доштанд.        
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)