Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 15:42

Колер: Ширкатҳои олмониро ба иштирок дар татбиқи НБО Роғун тарғиб хоҳам кард

7 апрел 2012, 04:11

Баъди боздид аз нерӯгоҳи Норак андешаи ман дар бораи аҳамияти бузурги нерӯгоҳи Роғун, ки дар шароити монанд ба мавзеи Норак бунёд меёбад, боз ҳам қавӣ гардид ва ман минбаъд ширкатҳои олмониро ба иштирок дар татбиқи ин лоиҳа тарғиб хоҳам кард.

Ин нуктаро роҳбари раёсати Агентии энергетикии Олмон Штефан Колер зимни мулоқоти дирӯзааш бо Эмомалӣ Раҳмон  баён дошт.

 

Тибқи иттилои хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон аснои вохӯрӣ Колер ҳамчунин таъкид кардааст, ки «минбаъд мардуми Тоҷикистон метавонанд маро сафири энергетикии давлати худ дар Олмон бишуморанд. Эмомалӣ Раҳмон низ дар навбати худ гуфтааст, ки Тоҷикистон ҷумҳурии федеративии Олмонро яке аз шарикони асосии худ дар Аврупо мешиносад. Ба иттилои манбаъ аснои воҳурӣ масоили ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар соҳаи энергетика баррасӣ шудааст. Зикр гардид, ҳамшарикии ду кишвар асосан дар сатҳи ҳамкорӣ бо мақсади таъмини рушди устувор сурат гирифта, соҳаи ҳаётан муҳими энергетикаро низ фаро гирифтааст. Штефан Колер аз мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорони Олмон, ки моҳи декабри соли 2011 дар Берлин сурат гирифта буд, ёдовар шуда бори дигар таъкид намуд, ки «азми Агентии энергетикии Олмон ба густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон устувор аст».

Ёдовар мешавем, дар мулоқоти соли 2011 Ёддошти тафоҳум доир ба ҳамкории дуҷониба дар соҳаи энергетика тасвиб шуда буд.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!