Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 00:15

Раисони 9 шаҳру ноҳияи шимоли кишвар ба президент ҳисобот доданд

7 апрел 2012, 05:37

Тезонидани киштукори баҳорӣ, васеъ намудани майдони боғу токзор ва омодагӣ ба пешгирӣ аз офатҳои табиӣ мавзӯи аслии ҳисоботи роҳбарони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба президент будааст.

Тибқи иттилои хадамоти матбуотии райисҷумҳури Тоҷикистон дар суҳбати телефонӣ Эмомалӣ Раҳмон ба раисони шаҳру ноҳияҳои Мастчоҳ, Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, Ғончӣ, Зафаробод, Истаравшан, Шаҳристон ва Панҷакент доир ба расонидани кӯмак ба деҳқонону боғпарварон, аз ҷумла, таъмини онҳо бо техникаи кишоварзӣ, тухмиҳои хушсифат ва нӯриҳои минералӣ супоришҳои мушаххас дода, таъкид намудааст, ки барои пурсамар истифода бурдани ҳар ваҷаб замини корам тадбирҳои саривақтӣ андешанд.
Ҳамчунин президент дастур додааст, ки кори ситодҳои доимамалкунандаи ҳолатҳои фавқулодда таҳти назорати ҳамешагӣ қарор бигирад, то дар ҳолатҳои зарурӣ ба бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ фавран сафарбар шаванд.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!