Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 19:23

Пан Ги Мун: Сурия тақозои ША СММ-ро риоя намекунад

7 апрел 2012, 06:15

Пан Ги Мун, дабири кулли СММ изҳор дошт, ки Сурия тақозои Шӯрои амнияти созмони милалро дар мавриди қатъи хушунатҳо нодида гирифта, ҳанӯз ҳам дар чанд шаҳр амалиёти нерӯҳои ҳукуматиро давом медиҳад.

Пан Ги Мун ҳамчунин нигаронии амиқи худро аз бӯҳрони башарии Сурия баён дошт: "Хабарҳо дар мавриди афзоиши теъдоди гурезаҳо аз Сурия ба кишварҳои ҳамҷавор одамро бетараф гузошта наметавонад".

Сурия миёнаҳои моҳи марти соли 2012 эълон дошт, ки нақшаи таҳиякардаи намояндаи вижаи СММ Кофи Аннан дар мавриди батанзимдарории сулҳро мепазирад. Яке аз бандҳои калидии ин тарҳ хуруҷи нерӯҳои ҳукуматӣ ва техникаи ҷангӣ аз маҳалҳои аҳолинишин дар санаи 10 апрел мебошад.

3-юми апрел ҳукумати Сурия аз оғози берун кардани нерӯҳояш аз шаҳрҳое, ки вазъияти амниятияшон ором аст, хабар дод. Аммо мухолифини ҳукумати Сурия изҳор доштанд, ки ин хабар аз ҳақиқат дур аст.

Тазоҳуроти зидиҳукуматӣ дар Сурия моҳи марти соли 2011 оғоз шуд. Эътирозгарон талаби ислоҳоти сиёсӣ ва истеъфои Башор Асадро аз мақоми раёсатҷумҳур доштанд. Ин тазоҳурот баъдан ба даргириҳои мусалаҳони миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва мухолифини давлат сабаб гардид. Ба омори СММ теъдоди қурбониёни задухӯрдҳо дар Сурия марзи 9 ҳазорро кайҳо гузаштааст.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!