Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 03:12

Шариф Раҳимзода: Мақсади мо беҳтар кардани кодекси андоз аст

7 апрел 2012, 07:13

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ҷиҳати тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи нави кодекси андози кишвар 197 пешниҳод ирсол намуд, ки 80-тояш аз ҷониби комиссияи салоҳиятдор қабул гардид.

Ин нуктаро Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва савдо зимни як ҳомоише дар Душанбе иброз дошт.

Дар ин нишаст соҳибкорони ватанӣ, коршиносон ва масъулини ниҳодҳои давлатӣ фикру андешаи худро ба лоиҳаи нави кодекси андоз баён намуданд. Вазири рушди иқтисод ва савдо гуфт, ки қисме аз пешниҳодоти вазорат феълан дар ҳоли баррасист ва қисми дигараш қабул нагардидааст: «Албатта бояд дар назар дошта бошем, ки ҳамаи пешниҳодҳо намегузаранд, қисме аз пешниҳодҳо фақат ба як соҳа равона шудааст ё мумкин манфиати ягон гурӯҳҳои алоҳидаро ҳимоя мекунанд, вале мақсади мо умуман хуб кардани вазъи умумӣ аст, мақсад беҳ кардани кодекси андоз ва ба шароити имрӯз мутобиқ кардани он аст. Кодекси андоз аввал аз низоми санҷиш сар мешавад. Бисёр муҳим аст, ки санҷиш аз поён то ба боло гузаронида шавад. Санҷиш бояд шаффоф ва дар амал бошад. Санҷиш бояд, ҳам аз болои андозсупоранда ва ҳам аз болои андозгиранда бошад. Бояд ҷавобгарӣ бошад барои он, ки як андозгиранда ё ки корманди андоз омада тафтиш мекунад, ҳуҷҷатро сохта мераваду боз дуюмаш омада камбудӣ муайян мекунад». Шариф Раҳимзода пешниҳод намуд, ки барои бартараф сохтани камбудиҳо ва ҳалли мушкилоти мухталиф зимни ҷамъоварии андоз як сохтори мустақиле таъсис ёбад: «Фикр мекунам бояд аз болои андозситон, санҷишигарон як сохтори мустақил, яъне ниҳоде бошад, ки ба ягон ниҳоди дигар вобастагӣ надошта бошад, то дар ҳолати зарурӣ андозсупорандагон тавонанд бо он муроҷиат кунанду манфиятҳои худро ҳимоя намоянд».

Мавриди зикр аст, ки айни ҳол кодекси андози кишвар дар ҳоли баррасӣ буда, аз ҷониби ниҳодҳои мухталифи давлатӣ ва дигар ташкилотҳо барои мукаммал шудани он пешниҳоду дархостҳо ироа мешавад.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!