Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 22:22

Низомхон Ҷӯраев худашро ба мақомоти тоҷик таслим кард

9 апрел 2012, 03:14

Шанбеи 7-уми апрел шабакаи телевизионии «Ҷаҳоннамо» Низомхон Ҷӯраев, раиси собиқи корхонаи кимиёи шаҳри Исфараро намоиш дод, ки мегуфт, ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) омада худро таслим кардааст.

Ба қавли Низомхон Ҷӯраев 29-уми март аз боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Маскав озод шудааст. Баъдан, аз як тоҷик 15 ҳазор рубли русӣ гирифта аз тариқи Оренбурги Русия, Алмаатои Қазоқистон, Бишкеку Ӯши Қирғизистон ба деҳаи Қистакӯзи вилояти Суғд меояд. Аз он ҷо ба шаҳри Душанбе омадааст.

Низомхон Ҷӯрав аз соли 2007 дар пайгарди мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон қарор дошт. Баъдан, мақомоти Русия ӯро боздошт карданд. Аммо ахиран дар мавриди истирдоди вай хабарҳои зиду нақиз мерасиданд. Зимнан, 30-юми март додгоҳи Аврупо аз ғайб задан ва эҳтимоли ба Душанбе истирдод шудани Низомхон Ҷӯраев ба Русия номаи фаврӣ фиристода, тақозо кард, ки то 2-ми апрел вазъро шарҳ диҳад.
Мақомоти Тоҷикистон Низомхон Ҷӯравро дар тақаллуби санадҳо, саркашӣ аз пардохти андоз, расмӣ кардани маблағҳои ғайриқонунӣ, аз худ кардани амволи давлатӣ ва даст доштан дар куштори Толибҷон Бобоев, муовини пешини додситони кулли Тоҷикистон муттаҳам мекунанд. Ҷӯраев дар гузашта вакили маҷлиси вилояти Суғд буд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!