Бахшҳо
09 апр 2012 03:58Хабарҳои ҷаҳон

Шеъре, ки Аврупоро такон дод

Гонтер Гросс, нависандаи 84-солаи олмонӣ ва дорандаи ҷоизаи адабии Нобел, дар пайи мавзӯи интиқодҳо аз шеъри тозааш ва хашми мақомоти сиёсӣ нисбат ба вай ба далели интиқод аз режими Исроил, бо ҷиддият ба дифоъ аз худ пардохтааст.

Гросс дар гуфтугӯ бо хабаргузории олмоние дар маҳали зиндагиаш дар шаҳри Лобаки Бландорф изҳор дошт: “Ман мехостам бо сурудани шеъри "Он чи бояд гуфта шавад" эълом кунам, ки таъсисоти атомии Исроил низ мисли Эрон бояд таҳти назорати байналмиллалӣ қарор дошта бошад”.

Вай ҳамчунин ҳушдор додааст, дар сурате, ки Исроил эҳтимолан бо силоҳҳои мутаъориф ва маводи мунфаҷира ба таъсисоти атомии Эрон ҳамла кунад, ин масъала метавонад сабаби вуқуи ҷанги саввуми ҷаҳонӣ  шавад.

Ба қавли Гросс: “Барномаҳое дар дасти анҷом ҳастанд, ки на танҳо муҳтавои ин шеъри маро ҳадаф қарор додаанд, балки алайҳи шахси ман вориди амал шудаанд, то барои ҳамеша ба шӯҳрати ман осеб ворид шавад, аммо ба ҳеч ваҷҳ ҳарфҳои худро пас нахоҳам гирифт”.

Дар ин миён, Бенямин Натаняҳу, сарвазири Исроил бо калимоте хашмгин ба изҳори назар дар мавриди шеъри тозаи ин нависандаи машҳури олмонӣ пардохтааст.

Гонтар Гросс, шоир ва нависандаи барҷастаи олмонӣ ахиран бо интишори шеъре ба номи "Он чи бояд мегуфтам" ба сиёсатҳои ҷангафрӯзонаи Исроил эътироз карда ва аз дунё хостааст, то дар баробари имконоти атомии Исроил вориди амал шаванд. Ӯ режими Исроилро хатаре бузург барои сулҳи ҷаҳонӣ хондааст.

Гуфтанист, дар бархе кишварҳои аврупоӣ изҳори назар кардан дар бораи Холокост мамнӯъ ва ҳарф задан дар ин бора, пайгарди қонунӣ дорад.

 

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)