Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 19:03

Дар пойтахт манзилҳои ғайриқонунӣ сохташуда ошкор гардид

9 апрел 2012, 04:12

Кормандони ҳифзи ҳуқуқ зимни амалиёти вижае ошкор кардаанд, ки дар шаҳри Душанбе чанд манзили зист бидуни аснод ва дар заминҳои фонди давлатӣ бунёд шудааст.

Дар ин бора аз ВКД ба Озодагон хабар доданд. Тибқи иттилои манбаъ амалиёт дар ноҳияи Исмолӣ Сомонӣ муайян кардааст, ки шаҳрванд Мирзоалӣ Сангови 36 сола моҳи ноябри соли 2009 дар кӯчаи Навобод бидуни ҳуҷҷатҳои дахлдори ҳуқуқдиҳанда аз ҳисоби заминҳои фонди давлатӣ 10/7 метри квадратӣ қитъаи заминро худсарона ғасб намуда, хонаи истиқоматӣ бунёд кардааст.

 

Ҳамчунин, дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт низ чунин як ҳолатро  ошкор кардаанд. Шаҳрванд Марзия Ҳафизоваи 60 сола моҳи сентябри соли 2011 дар маҳаллаи Ховарон бе ягон санади дахлдор 3 сотиқ заминро худсарона ғасб намуда, ғайриқонунӣ манзили зист сохтааст. Феълан нисбати ин қазияҳо парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.

 

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!