Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 00:41

Муфаттиш аз ҷабрдида 3 гов талаб кардааст

30 май 2011, 12:11

Маҳмадӣ Убайдуллоев, як сокини ноҳияи Восеъ дар мулоқоти раиси вилояти Хатлон Ғайбуллоҳ Афзалов, аз фаъолияти муфаттишони ноҳия шикоят кард.

Ба гуфтаи ӯ, ҳанӯз 29-уми октябри соли 2009-ум 5-сар гови ӯро дуздон бурдаву аризаи шикоятӣ ба кормандони милиса навишта будааст. Убайдуллоев гуфт, ки 25-рӯз баъд як муфаттиши ШКД-и ноҳия ба хонааш омада, акси ҳамаи говҳояшро, ки дар тилфони мобилиаш сабт карда буд, нишон дода, гуфтааст, ки говҳоятро ёфтаем, аммо агар 3 говатро ба мо ҳадя кунӣ, боқиашро мегирӣ.

«Ман дар бисотам ҳамагӣ 5 гов доштам, агар 3 тоашро ба милиса диҳам, барои худам чӣ мемонад? Аз ин рафтори муфаттиш ба прокуратураи ноҳия ариза навиштаам, аммо то имрӯз ҳеч ҷавобе нест. Гӯё нисбати муфаттиш парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд, вале моли ман дигар пайдо нагашт», бо алам шиква мекард ӯ.

Прокурори вилояти Хатлон, ки дар ин вохӯрӣ низ иштирок дошт, аз додситонии ноҳия дархости парвандаи мазкурро намуд. Раиси вилоят ба прокурори вилоят супориш дод, ки аз рӯи шикояти шаҳрванд чораҳои зарурӣ андешанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!