Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 14:32

Пажӯҳиши таъсири тарҷумаи осори адабиёти ҷаҳон ба шеъри муосири форсӣ

9 апрел 2012, 05:09

"Бо чароғ ва ойина; дар ҷустуҷӯи решаҳои таҳаввули шеъри муосири Эрон".

Унвони китоби тозаи шоир ва адабиётшиноси барҷастаи эронӣ Муҳаммадризо Шафеии Кадканӣ аст, ки аз сӯи интишороти “Нашри сухан”-и Теҳрон дар 768 саҳифа чоп шуд.

Дар ин китоб нависанда ба баррасии таъсири тарҷумаи осори адабиёти ҷаҳон бар шеъри муосири форсӣ пардохтааст. Ӯ пас аз пардохтан ба маҷмӯаи омилҳои муассири иҷтимоӣ-сиёсӣ дар инқилоби Машрута ва пеш аз он бар шеъри форсӣ, ба ошкор кардани заминаҳо ва чигунагии таъсири тарҷума бар шеъри муъосири Эрон мепардозад ва муътақид аст "таҳаввулоти шеъри мудерни форсӣ дар қарни ахир, тобее аст аз мутағайири тарҷумаи адабиёт ва шеъри аврупоӣ дар қаламрави забони форсӣ".

Шафеии Кадканӣ дар ҳавзаи шеър, таҳқиқ ва нақди адабӣ, сабкшиносии шеъри форсӣ ва ирфони эронӣ осори бисёре мунташир кардааст. Аз ҷумла "Қаландария дар таърих", "Мусиқии шеър", "Ин кимиёи ҳастӣ", "Адвори шеъри форсӣ", "Шеъри муъосири араб", "Шоири ойинаҳо", "Тозиёнаҳои сулук".

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!