Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 14:52

Истеҳсолкунандагони маводи мухаддир ва созмонҳои террористӣ робитаи наздик доранд

9 апрел 2012, 05:33

Проблемаи афзоиши таҳдиди тавлиди мухаддироти афғон барои кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар Пекин барасӣ шуд.

Дар пойтахти ҷумҳурии халқии Хитой ҷаласаи сеюми роҳбарони мақомоти салоҳиятдори давлатҳои аъзои СҲШ оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сурат пазируфт. Тоҷикистонро дар нишасти мазкур Бунафша Одинаева, муовини директории Агентии назорати маводи нашъадори назди президенти Тоҷикистон намояндагӣ кард.

Вазъи вобаста ба маводи мухаддир дар сатҳи байналмилалӣ ва минтақавӣ, такмили минбаъдаи сесатҳаи механизми ҳамкориҳои зиддимухаддиротӣ, таҳкими таъсири амалии давлатҳои узви СҲШ дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо аз мавзӯъҳои аслии матрӯҳа дар ҷаласаи мазкур будааст. Тавре ба Озодагон аз Агентии назорати маводи нашъадори Тоҷикистон иттилоъ доданд, иштирокдорони нишаст ҳамчунин татбиқи “Стратегияи зиддимухаддиротии давлатҳои узви СҲШ барои солҳои 2011-2016”-ро муҳокима кардаанд.

Ба иттилои манбаъ ширкаткунандагони ҷаласа проблемаи афзоиши таҳдиди тавлиди мухаддироти афғониро барои минтақаи СҲШ таъкид карданд. Қайд карда шуд, ки миёни истеҳсолкунандагони маводи мухаддир, созмонҳои террористӣ ва ҷиноятҳои муташаккили мухаддиротӣ робитаи мутақобилаи наздик нигоҳ дошта мешавад. Ин ба бехатарӣ, субот ва рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ таъсири ҷиддӣ ва ба тартиботи ҷамъиятӣ таъсири манфӣ расонида, ба ҳаёти мӯътадили халқҳо таҳдид мекунад.

Гуфта мешавад, ҷаласаи навбатӣ соли 2013 дар ҷумҳурии Қирғизистон баргузор мешавад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!