Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 08:52

Собирҷон Назаров ҳам ба Олимпиадаи Лондон меравад

9 апрел 2012, 05:52

Собирҷон Назаров, муштзани тоҷик аз охирин имконияти соҳиб шудан ба роҳхати олимпӣ истифода кард.

Вай дар сабқати интихобии олимпии осиёӣ оид ба бокс, ки дар Қазоқистон ҷараён дорад, ба даври нимфиналӣ роҳ ёфта, ҳамзамон роҳхат ба Олимпиадаи тобистонаи Лондонро соҳиб шуд. Собирҷон Назаров дар вазни то 75 кг Кгиангкай Сукхуми тайландӣ ва Ю-Тинг Янги тайваниро мағлуб кард.

Аз ин пештар Анвар Юнусов, муштзани дигари тоҷик роҳхати бозиҳои олимпии Лондонро ба даст оварда буд.
Дар маҷмуъ то ин замон шаш варзишгари тоҷик ҳаққи ширкат дар Бозиҳои олимпии соли 2012-ро дорад. Дилшод Назаров (гурзандозӣ), Алишер Гулов, Фарҳод Неъматов (таэквандо), Искандари Рустам (гушти) ва Анвар Юнусову Собирҷон Назаров (муштзанӣ).



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!