Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 00:48

«Нексия» «ҳашиш»-ро ба манзил нарасонд

9 апрел 2012, 09:19

Кормандони раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон зимни амалиёти вижае миқдори зиёди маводи мухаддирро мусодира кардаанд.

Тавре ба Озодагон аз ин ниҳод иттилоъ доданд, аснои амалиёт як сокини шаҳри Истаравшан, ки қаблан барои ширкат дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дуздии амвол суд шуда буд, бо 4 кило ҳашиш боздошт гардид.

Бино ба иттилоои манбаъ, амалиёти мазкур аз ҷониби кормандони раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд сабукрави «Нексия»-ро ба гумони интиқоли мухаддирот боздошт ва мавриди кофтуков қарор доданд. Бино ба хабари манбаъ баъди пурсуҷӯ шарики дигари ӯ-сокини 42-солаи ноҳияи Мастчоҳро низ дастгир кардаанд. Вай низ дар гузашта барои авбошӣ дар Русия зиндонӣ шуда будааст.

Аз рӯи ин ҳодиса шӯъбаи тафтишотии раёсати Агентӣ тибқи моддаи 200, қонуни 3 (муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар бо мақсади фурӯш) парвандаи ҷиноятӣ оғоз кард ва ҳоло боздоштшудагон дар тафқифгоҳи муваққатии раёсат дар вилояти Суғд нигоҳ дошта мешаванд.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!