Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 07:04

25 миллион нусхаи Қуръони Карим бо забони немисӣ ройгон тақсим мешавад

9 апрел 2012, 09:45

Иброҳим Абу Наги, як шаҳрванди мусалмони Олмон тарҳи вижаеро бо номи «Бихон!» роҳандозӣ кардааст.

Дар доираи ин лоиҳа тасмим шудааст, ки 25 миллион нусхаи китоби муқаддаси Қуръон бо забони немисӣ ба хонаводаҳои олмонӣ тақсим шавад. Иброҳим Абу Наги гуфтааст, ҳадафи тарҳи «Бихон!» ин аст, ки бояд ҳар оилаи олмонӣ китоби Қуръон дошта бошад. Ба қавли вай бо ин васила таваҷҷӯҳи ҳамсояҳои олмонияшро ба "эътиқоди воқеӣ" мутамарказ намояд.

Гуфта мешавад, феълан зери раҳбарии Абу Наги дар шаҳрҳои мухталифи Германия беш аз 100 маркази иттилоотӣ боз шудааст. Ҳамчунин, хоҳишмандон метавонанд аз тариқи интренет нусхаи Қуръонро дастхост намоянд.

Ба иттилои расида, айни замон дар доираи тарҳи «Бихон!» 300 ҳазор нусха китоби муқаддаси мусалмонҳо ба замони олмонӣ тақсим шудааст. Абу Наги гуфтааст, ки китоб на танҳо ба шахсони инфиродӣ тақдим мешавад, балки он дар маҳбасхона, мактаб ва боғчаҳои кӯдакона низ тақсим хоҳад шуд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!