Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 22:41

Ford наздики 1,5 ҳазор сабукравро бозхонд. Барои бартараф кардани нуқс

9 апрел 2012, 10:25

Ширкати Ford Motor беш аз 140 ҳазор сабукрави Ford Focus-ро, ки аз 1-уми августи соли 2010 то 18-уми октябри соли 2011 дар корхонаи Мичигани Амрико тавлид шуд, бо далели нуқсон дар оинатамизкунҳо бозхондааст.

Ба навиштаи Torque News ҳангоми расидани об оинапоккунҳо аз кор бозмемонанд, ки эҳтимоли ба садама дучор шудани нақлиётро афзун мекунад. Намояндагии Ford гуфтааст, ки то кунун бо иллати кор накардани таҷҳизоти мазкур ягон сониҳа ба қайд нарасидааст. Нуқси кашфшударо мутахассисони Ford ройгон дуруст мекунанд. Ташхиши мошинҳо аз 21 май шурӯъ мегардад.

Ҷой доштани чунин нуқс дар мошинҳои тавлидкардаи Ford бори нахуст нест. Моҳи сентябри соли 2005 низ ин ширкати амрикоӣ зиёда аз 4800 сабукрави Ford Focus II ва Ford Focus C-Max-ро барои бартараф кардани ғалатҳои фаннӣ бозхонда буд.

Моҳи марти соли 2012 бошад, ширкати BMW бо иллати нуқс дар хатти аккумуляторҳо мошинҳояшро фаро хонд. Гуфта мешуд, ки ин далел метавонад боиси фаъол нашудани муҳаррики мошинҳои тавлиди соли 2003-2010 гардад. Ба ҷуз ин эҳтимоли оташ гирифтани сабукрав низ сарфи назар намешуд. Зимнан, ширкат аз зарурати санҷиши ҳудуди 1,3 миллион мошин эълон кард.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!