Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 13:08

Дар Роғун ҳуҷҷати журналистро гирифтанд

9 апрел 2012, 10:45

Ҳуҷҷати хабарнигори рӯзномаи «Имрӯз News»-ро корманди ҳифзи ҳуқуқ гирифтааст.

Завқибек Солиҳов ба Озодагон гуфт, ки санади журналистии ӯро Маликшоҳ Мусоев, муовини сардори шӯъбаи корҳои дохилаи шаҳри Роғун ҳангоми аксбардории маъракаи наврузии шаҳр гирифтааст. Номбурда гуфт: «Дирӯз вақти суратгирӣ Маликшоҳ Мусоев бидуни ягон асос ва ҳеҷ пурсиш ҳуҷҷатамро гирифт. Он кас маро аз назди майдони гуштигирӣ, ки он ҷо миёни тамошобинон ва гушингирон банд гузошта шудааст, дур карданӣ шуд. Баъдан як милисаи дигар омада амр дод, ки «гиред инро аз ин ҷо баред». Вақте ҳуҷҷатамро бароварда худро муаррифӣ кардам, онро гирифтанд».
Завқибек Солиҳов мегӯяд, баъди санади хабарнигорияшро гирифтан кормандони ҳифзи ҳуқуқ таҳдид кардаанд, ки «бо ту дар шӯъбаи корҳои дохила гап мезанам». «Ман, ки гуноҳе надоштам гуфтам бо шумо лозим шавад дар Вазорати корҳои дохила гап мезанам»,-афзуд хабарнигори «Имрӯз News». Номбурда илова кард, ки ҳоло ҳуҷҷаташ дар дасти кормандони милиса аст. «Чанд соат пеш ба ВКД барои гирифтани ҳуҷҷат муроҷиат кардам, гуфтанд, ки бояд ба шаҳри Роғун муроҷиат кунам»,-илова намуд вай.

 

 

 

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!