Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 02:45

Хуҷанд дар 12-умин озмуни паррандагони хушхон мақоми аввалро гирифт

9 апрел 2012, 11:46

Бо ибтикори Анҷумани дӯстдорони вилояти Суғд дар боғи маданияту истироҳати ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд 12-умин намоиш-озмуни вилоятии «Парандагони хушхону ороишӣ ва моҳичаҳои аквариумӣ» баргузор гардид.

Намоиш-озмун аз 8 бахш- бахши паррандаҳои хушхон, ороишӣ (тӯтиҳо), анъанавӣ (кабку бедона), моҳичаҳои аквариумӣ, қафассозӣ, гӯшаҳои зиндаи мактабиён, рассомиву нигорасозӣ иборат буд ва табиатдӯстони маркази вилоят ва шаҳру ноҳияҳои атрофии онро гирди ҳам овард.

Дар ҳар бахш беҳтаринҳо бо тӯҳфаҳои сарпарастони намоиш-озмун қадр шуданд. Чорабинии мазкур бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят, муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал, раёсати кишоварзӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Хуҷанду Чкалов, Истаравшан, Табошару Қайроққум, Спитамен ва Ҷаббор Расулов созмон ёфт.

-Гузаронидани чунин чорабиниҳо ба болоравии маърифати экологии мардум, хусусан тарбияи насли наврасу ҷавон ҷиҳати дӯст доштани олами зинда мақоми хоса дорад,-гуфт сардори шӯъбаи ҳифзи наботот, ҳайвонот ва захираҳои моҳии раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят Ғафурҷон Каримов.

Муовини аввали раиси Ассотсиатсияи дӯстодорони табиати вилоят Толиб Ҳобилов гуфт, ки бори дувоздаҳум аст, ки намоиш-озмуни мазкур баргузор мешавад ва доираи иштирокчиёни он аз тамоми манотиқи вилоят ҳамасола дар ҳоли афзоиш аст.
Бино ба маълумоти кумитаи тадорукот дӯстдорони табиати шаҳри Хуҷанд ҷои аввал, шаҳри Конибодом мақоми дуввум ва дастпарварони шаҳри Табошар зинаи сеюмро ишғол кардаанд.
Намоиш-озмуни 12-умини вилоятии «Парандагони хушхону ороишӣ ва моҳичаҳои аквариумӣ»-ро сокинону меҳмонони сершумори вилоят, аз ҷумла аз пойтахт ва кишвари Норвегия тамошо карда, таассуроти нек бардоштанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!