Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 13:33

Душанбе боз мизбони як мизи гирд мешавад

10 апрел 2012, 02:56

«Шарикӣ: таҷриба ва дурнамои афзун кардани огоҳии ҳуқуқии намояндаҳои соҳибкории хурду миёна». Таҳти ҳамин унвон имрӯз, 10-уми  апрел дар Кумитави давлатии сармоягузорӣ  ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор мешавад.


Тавре ба Озодагон аз Кумитаи мазкур иттилоъ доданд, мизи гирд дар доираи лоиҳаи «Афзун кардани огоҳии намояндаҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ, кооперативҳои истеҳсолӣ, ҳукумати маҳаллии вилояти Хатлон ва навоҳии тобеи марказ оид ба масоили ҳисоботи дохилӣ ва таъминоти иҷтимоӣ» сурат мепазирад. Гуфтанист, ки ин лоиҳаро Шӯъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ва Корпоратсияи байналхалқии молиявӣ маблағгузорӣ намуда, тавассути созмони ҷамъиятии  «Рушди деҳот» ва аъзои шабакаи Марказҳои кӯмаки ҳуқуқӣ амалӣ мегардад.
Бино ба хабари манбаъ дар сӯҳбати мизи гирд масоили сетарафаи ҳамкорӣ, таҳким ва тавсеаи робита бо мақомоти ҳукуматӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва сектори хусусӣ оид ба афзун кардани огоҳии ҳуқуқӣ баррасӣ мегардад. Ҳамчунин натиҷаи фаъолият ҳангоми амалӣ шудани лоиҳа муаррифӣ мешавад.
Дар ифтитоҳи сӯҳбат Манзура Маҳкамова, муовини раиси Кумитави давлатии сармоягузорӣ  ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, Кристофер Миллер, намояндаи кишварии Корпоратсияи байналхалқии молиявӣ, Зуҳра Халимова, директори Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон суханронӣ хоҳанд кард.  «Сармутахассиси тренингҳои Корпоратсияи байналхалқии молиявӣ Сафро Исоева дар бораи таҷрибаи шарикӣ дар омӯзиши ҳуқуқии намояндаҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва нақшаи минбаъдаи омӯзиши намояндаҳои соҳибкории хурду миёна маърӯза мекунад. Таҳлилгари лоиҳа Илҳом Камолов ҷанбаҳои ҳуқуқӣ ва баҳогузории натоиҷи тренингро оид ба бимаи иҷтимоӣ дар амалӣ кардани ҳисоби дохилии хоҷагиҳои деҳқонӣ мавриди баррасӣ қарор хоҳад дод. Фаъолияти амалиро бошад, ҳамоҳангсози барнома Гулбахор Сафарова ва тренер Тоҳир Валиев муаррифӣ мекунанд»,-афзуд сарчашмаи хабар.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!