Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 00:14

Панҷакент соҳилҳояшро мустаҳкам мекунад

10 апрел 2012, 03:19

Ҷиҳати аз офатҳои табиӣ пешгирӣ кардани манзилҳои маскунӣ ва заминҳои кишт дар шаҳри Панҷакент корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён дорад.

Ба иттилои Хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд, феълан, корҳои аз қуму санг тозакунӣ дар 9 сойи селрави калон- Сойи Зебон, Амондара, Хушҳалвоӣ, Зиддӣ, Мазор, Дупула, Навобод ва Ҳавзак идома дорад. «Дар як муддати кӯтоҳ дар ин сойҳо бояд 9 ҳазору 500 метр корҳои мустаҳкамгардонӣ ба иҷро расанд. Имрӯзҳо ба маблағи то 2 миллион сомонӣ, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар садди Ғарибаки ҷамоати деҳоти Хурмӣ, садди Қумсоёни ҷамоати деҳоти Суҷина муташаккилона идома дорад»,-афзуд манбаъ.
Бо мақсади мустаҳкам намудани соҳили дарёи Зарафшон ва нигоҳ доштани заминҳои корам аз офат дар ин саддҳо ба масофаи 900 метр корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба иҷро мерасад ва дар натиҷа зиёда аз 200 га заминҳои нави корам ба истифода дода мешавад. Корҳои соҳилмустаҳкамкуниро ҶС КСМ-278 ва идораи Тоҷикселҳимоя бар душ доранд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!