Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 14:40

Коршинос: Ҳадафҳои пешгузоштаи президент ба пуррагӣ инъикоси худро наёфтааст

10 апрел 2012, 06:46

Кодекси андози имрӯза хусусияти мусодиракунанда дорад ва зимни ислоҳи он ҷониби Тоҷикистонро зарур аст, ки таҷрибаи кишварҳои хориҷаро омӯзад.

Ин нуктаро Некрӯй Забиров, раиси Шӯрои ҳамоҳангсози соҳибкорони кишвар, зимни ҳамоише дар Душанбе иброз дошт.

Номбурда гуфт, дар лоиҳаи нави кодекси андоз, ки айни ҳол барои баррасӣ пешниҳоди шаҳрвандону соҳибкорон шудааст, нишон медиҳад, ки ҳадафҳои пешгузоштаи Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати содагардонидани кодекси мазкур ба пуррагӣ инъикоси худро наёфтааст. «Мақсад аз таҳияи кодекси андоз дар таҳрири нав, бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта барои андозсупорандагон, кам кардани шумораи андозҳо, сода гардонидани кодекси мазкур ва умуман гузаронидани ислоҳҳоти пурра дар соҳаи андоз мебошад. Аз ин нуқтаи назар Шӯрои ҳамоҳангсози соҳибкорон зарур мешуморад, ки лоиҳаи кодекси пешниҳодшуда қабл аз ҳама баҳри ҳавасмандгардонии андозсупорандагон равона гардад. Яъне сода ва оммафаҳм гардонидани низоми андозбандӣ, кам кардани гаронии андозҳо, беҳтар шудани фазои сармоягузорӣ ба миён ояд ва дар ин замина ба таъмини рушди босуботи иқтисодӣ мусоидат намояд»,-афзуд Некрӯй Забиров. Вай мегӯяд, айни замон дар низоми андози кишвар 17 намуди андози давлатӣ, 4 намуди маҳаллӣ амал мекунад, пешниҳоди онҳо бошад дар лоиҳаи нав чунин аст:

-Шумораи андозҳо то ба 11 адад коҳиш дода шавад, меъёри андозҳо то ба 40-50% кам карда шавад, андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ аз 25 ба 15 ва 10% кам шавад, барои молистеҳсолкунандагон то ба 50% имтиёз дода шавад, андоз аз шахсони воқеӣ аз 13 то ба 10% ва барои даромадҳо аз ҳисоби дивидентҳо ва фоизи депозитҳо аз мардум аз 12 то 5 % кам шавад (дар Қазоқистону Қирғизистон тамоман чунин намуди андозро намесупоранд), андоз аз арзиши иловашуда аз 18 то ба 12% кам шавад ва андози иҷтимоӣ аз 25 то ба 11 % расонда шавад.

Ҷаноби Забиров қайд кард, ки аслан кодекси андоз ҷараёни ифодаи андозбандиро фаро гирифта, барои муайян намудани муносибатҳои мақомоти андоз ва андозсупорандагон хусусиятҳои ҳуқуқиву вазифавӣ, тартиби ҳисоббарории андозҳоро фаро мегирад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!