Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 16:55

Афсарони Қушунҳои дохилӣ қадрдонӣ шуданд. Бо нишонду рутбаҳо

10 апрел 2012, 09:29

Бахшида ба 19-умин солгарди таъсисёбии Қушунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар қисми низомии 5453 ҷамъомади тантанавӣ сурат пазируфт.

Тавре ба Озодагон аз ВКД хабар доданд, дар он роҳбарияти ВКД, намояндагони сохторҳои қудратӣ, собиқадорон ва ҳайати шахсии Қушунҳои дохилӣ иштирок намуданд. Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии Тоҷикистон  зимни суханронӣ гуфт, ки сарбозону афсарони ин ниҳод сипари боэътимод, такягоҳу муҳофиз ва ҳамқадами Истиқлолияти кишвар буда, дар тӯли солҳои сипаригардида вазифаи худро содиқона ва софдилона ба ҷо оварданд. «Дар чунин як давраи ҳассосу тақдирсоз Қушунҳои дохилӣ аз душвортарин санҷишҳо гузашта, ҷиҳати барқарор намудани сохти Конститутсионӣ, безарар гардонидани дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткор, садди роҳ шудан ба олами ҷиноят ва таъмини амнияти шаҳрвандон мусоидат намуданд. Маҳз дар чунин рӯзҳои мушкилтарини ҳаёти сиёсиву иҷтимоии мамлакат, ҳайати шахсии Қушунҳои дохилӣ чун ватанпарастони асил ва содиқ дар сафи пеши мубориза буданд»,-афзуд генерал лейтинант.

 

Дар маросими ҷашнӣ теъдоди зиёди афсарону сарбозони Қушунҳои дохилӣ бо фармони вазири корҳои дохилӣ бо медалҳои «Барои хизмати шоён» дараҷаҳои 1, 2 ва 3, «Барои хизмати аъло дар ВКД», рутбаҳои ҳарбӣ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадр шуданд.

Мавриди ёдоварист, раёсати Қушунҳои дохилӣ бо қарори Шӯрои вазирони Тоҷикистон 10-уми апрели соли 1993 таъсис дода шуд.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!