Бахшҳо
10 апр 2012 09:51Хабарҳои ҷаҳон

Ду боксчӣ дар нишасти хабарӣ муштзанӣ карданд

Брэндон Риос, қаҳрамони собиқи ҷаҳон оид ба бокс (дар вазни то 61,2 кг) зимни ҷараёни нишасти хабарӣ ба ҳарифи ояндааш ҳамла бурд.

Нишасти хабарӣ ба муносибати рақобати навбатии ӯ бо Ричард Абрили кубагӣ созмон ёфта буд. Ба иттилои хабаргузориҳо Риос ғайримунтазира ба рақибаш ҳуҷум кардааст. Ин бори нахуст набуда, ки ду муштзан бо ҳамдигар вориди занозанӣ мешаванд. Моҳи март низ дар Майами  Риос дар нишасти хабарие ҳузур дошт, ки ба муносибати дидор бо Юрайокрис Гамбоа доир шуд. Абрил низ ба ин нишасти хабарӣ омада ба муштзани амрикоӣ хитоб намуд, ки бояд бо ӯ ба ринг барояд на бо Гамбоа. Баъди ин ҳарфҳо қариб монда буд, ки нишасти хабарӣ ба майдони бокс табдил шавад. Ҳамин тариқ рақобати Риос ва Гамбоа, ки 14 апрел муайян шуда буд, бекор гардид ва Брэндон барои муштзанӣ бо Абрил мувофиқа кард. Ин дидор 14 апрел дар Лос-Анҷелес мегузарад.

Риоси 25 сола дар бокси касбӣ 30 маротиба ба ринг баромада, дар 29 ҳолат дастболо гаридааст. Як дидори дигар мусовӣ поён ёфт. Рақиби ӯ Абрил 29 сол дорад. Аз 20 дидор 17 тоашро ба нафъи худ анҷом додааст. Дар ҳисобаш ду бохт ва як мусовӣ ҳам дорад.

Муштзани амрикоӣ ва кубагӣ барои унвони қаҳрамонии ҷаҳон аз рӯи версияи WBA рақобат мекунанд.

 

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)