Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 17:46

Китобхонаи миллӣ аз намоишгоҳи «Китоби Душанбе» мизбонӣ мекунад

10 апрел 2012, 10:14

Дар  китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ дуюмин намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мешавад.

Тавре ба Озодагон аз муассисаи нашриявии «Адабиёти бачагона» хабар доданд, намоишгоҳи мазкур аз 24 то 26-уми майи соли равон доир мегардад. Мубтакири аслии намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» Вазорати фарҳанги Тоҷикистон аст.

Ёдовар мешавем, аввалин намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» аз 25 то 27-уми майи соли равон бо ширкати намояндагони 9 кишвар баргузор шуда буд.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!