Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 21:20

ВАО ҳамчун гарави субот ва идоракунии демократӣ дар Тоҷикистон

10 апрел 2012, 12:43

Лоиҳае, ки мо мавриди амал қарор додаем “ВАО ҳамчун гарави субот ва идоракунии демократӣ дар Тоҷикистон” ном дорад ва барои дастгирии журналистон ба хотири беҳтар сохтану ба стандартҳои байналмилалӣ мувофиқ гардонидани навиштаҳои рӯзноманигорон роҳандозӣ шудааст.

Ин матлабро Абдумалик Қодиров, роҳбари Институти Инъикоси Ҷанг ва Сулҳ (IWPR) зимни баргузории семинар-тренинг дар Душанбе иброз дошт.

Дар давраи омӯзишии мазкур рӯзноманигорон аз тамоми манотиқи кишвар ширкат доштанд. Лола Олимова, тренери семинар ва муҳаррири IWPR дар Тоҷикистон ба хабарнигорон меъёрҳои байналмиллалии журналистиро шарҳ дод. Дар ҷараёни семинар-тренинг рӯзноманигорон ба ду гурӯҳ ҷудо шуда, меъёрҳои этикаи касбии журналистиро номбар ва шарҳу тавзеҳ доданд.

Дар семинар барои беҳтар гардонидани навиштаҳои рӯзноманигорон ва риояи меъёрҳои баналмилалии журналистӣ ба хабарнигорон тарзи таҳияи хабар ва мақолаҳои таҳлилӣ низ омӯзонида шуд. Дар қисмати дуввуми семинар мутахассисон даъват шуданд. Мушкилоти ҷавонон ва проблемаҳои шиканҷаи занон аз мавзӯи сӯҳбати озоди коршиносон ва журналистон буд.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!