Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 11:46

Таэквон-дочиёни 20 давлати Осиё дар Душанбе қувваозмоӣ мекунанд

10 апрел 2012, 12:54

Бахшида ба Рӯзи пойтахт дар Душанбе мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ баргузор мешавад.

Тибқи иттилои хадамоти матбуотии раиси шаҳри Душанбе аз 27-ум то 29-уми апрели соли равон дар Маҷмааи варзишии Кумитаи андози Тоҷикистон таҳти сарпарастии шаҳрдории Душанбе чемпионати 6-уми Осиё оид ба таэквон-до (ИТФ) доир мегардад.

 

Дар сабқати мазкур ширкати 300 варзишгар аз 20 кишвари Осиё, аз қабили Аморати Муттаҳидаи Араб, Афғонистон, Озорбойҷон, Русия, Хитой, Эрон, Муғулистон, Ҳиндустон, Непал, Ҷопон, Индонезия, Кореяи Шимолӣ ва Ҷанубӣ, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон дар назар аст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!