Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 12:52

Бонки миллӣ аз андози зиёд норозӣ аст

11 апрел 2012, 04:57

Баланд будани меъёрҳои андоз аз даромади фоизҳои амонатҳои шахсони воқеӣ ва фоидаи саҳмияҳои саҳмдорони ташкилотҳои қарзиро, ки айни ҳол 12%-ро ташкил медиҳад, масъулини Бонки миллии Тоҷикистон яке аз муаммоҳои андозбандии бонкҳо дар кишвар унвон намуданд.

Кибриё Уроқова, як масъули Бонки миллӣ ба Озодагон иттилоъ дод, ки гузашта аз ин, гуногунии заминаи андозбандӣ аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ низ як муаммоест дар низоми андозбандии бонкҳо: « Ин намуди андозбанди аз бонкҳо 25% ва аз дигар шахсони ҳуқуқӣ 15 %-ро ташкил медиҳад». Аз рӯи таҳлилҳои Бонки миллӣ, паст будани  сатҳи меъёри тарҳи қарзҳои беэътимод, ки 70%-ро ташкил медиҳад, боиси кам шудани мизони ҳавасмандии саҳҳомон мегардад.

 

 

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!