Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 22:43

Кормандони АНМН ҳамтоёни афғонистонии ҳудро омӯзиш медиҳанд

11 апрел 2012, 06:46

Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Тоҷикистон барои ҳамтоёни худ дар хадамоти зиддимухаддиротии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо истифода аз барномаи «i2» ҳангоми таҳлили гуфтугӯҳои телефонӣ дар шаҳри Кобул семинари омӯзишӣ гузарониданд.

Тавре ба Озодагон аз агентии мазкур хабар доданд, дар маросими ифтитоҳи семинар ҷонишини вазири корҳои дохилии Афғонистон Бозмуҳаммад Аҳмадӣ ширкат ва суханронӣ намуд.  Чандин тан аз ҷумлаи афроде, ки дар ин семинар ширкат доштанд,  пештар дар курсҳои омӯзишӣ дар базаи Агентии назорати маводи нашъаовар дар шаҳри Душанбе ба таҳсил фаро гирифта шуда буданд. Ширкаткунандагони семинар хостори он шуданд, ки ин гуна курсҳо на танҳо дар Кобул, балки бештар дар Душанбе созмон дода шавад. Ба гуфтаи онҳо имкониятҳои техникии дарсхонаҳо, таъмин буданаш бо маводҳои таълимиву адабиётҳои омӯзишӣ ва илмӣ-методӣ дар Душанбе бештару беҳтар аз имкониятҳои  ҳамсон дар Афғонистонанд.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!