Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 17:34

Дидори Кофе Анон бо вазири хориҷаи Эрон

11 апрел 2012, 08:55

Намояндаи вижаи дабири кули Созмони Миллал дар умури Сурия бо эъломи мувофиқати мухолифони давлати Сурия бо оташбас гуфт: Умедворам аз соати 6-и субҳи панҷшанбе шоҳиди тағйири авзоъ дар ин кишвар бошем.

Ба гузориши хабарнигори Озодагон дар Эрон Кофи Анон субҳи имрӯз бо Алиакбари Солеҳӣ-вазири хориҷаи Эрон дидор кард.

Вай зимни ташаккур аз ҳимояти Эрон ибрози умедворӣ кард, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон бахше аз роҳи ҳали бӯҳрони Сурия бошад.

Анон ҳамчунин хабар дод, ки оташбас аз субҳи рӯзи панҷшанбе оғоз хоҳад шуд ва гуфт: бо мухолифон дар тамос будаем ва онҳо мувофиқат кардаанд, ки силоҳро бар замин бигзоранд ва умедворем аз 6-и субҳи фардо шоҳиди тағйири вазъият бошем.

Намояндаи вижаи дабири кули Созмони миллал ҳамчунин аз кишварҳое, ки ба Сурия силоҳ мефристанд, интиқод карду гуфт: Мусаллаҳсозии Сурия минтақаро бо бӯхрон рӯ ба рӯ мекунад ва муноқишаи фоҷиаомез ба дунбол хоҳад дошт.

Кофе Анон таъкид кард, ки минтақаи Ховари Миёна шоҳиди бӯҳронҳои зиёде буда ва дигар қодир ба таҳаммули бӯҳрони дигаре нест.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!