Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 22:43

Гул Шералӣ масоили бунёди сарбандҳои бузургро баррасӣ мекунад

31 май 2011, 05:47

Барои ҷалби сармояи хориҷӣ дар Тоҷикистон заминаҳои мусоид фароҳам оварда шудааст.

Муҳимтарин  шароити беҳтар гардонидани ҷалби  сармояи хориҷӣ  ин аз ҷиҳати ҳуқуқӣ таъмин будани чунин раванд мебошад, афзуд Гул Шералӣ вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон зимни иштирок дар саммити 11-уми ИДМ, ки дар Фаронса баргузор гардид. Гул Шералӣ дар ин ҳамоиш дар ҳузури намояндагони кишварҳои хориҷа қайд кард, ки « мақсади мо аз ин мулоқот барқарор намудани ҳамкориҳо  бо як қатор ширкатҳои ҷустуҷӯи-иктишофӣ ва истихроҷкунандагонӣ конҳои нафту газ мебошад» Вазири энергетика ва саноат дар доираи ин сафараш бо Клод Унгерер, президенти ширкати фаронсавии «Софреко», бо роҳбарони ҶДММ «НЕОЛОБ» ва дигар намояндагони ширкатҳои байналмилалӣ мулоқот намуда, масъалаи муҷҷаҳаз гардонидани озмоишгоҳҳо дар соҳаи корҳои ҷустуҷӯӣ-иктишофии геологиро баррасӣ намудааст. Ба иттилои вазорати энергетика ва саноати кишвар Гул Шералӣ дар ҷаласаи навбатии Кумитаи иҷроияи Комиссияи байналмилалӣ оид ба сарбандҳои бузург, ки то 3-юми июни соли равон дар шаҳри Лютсерни Швейтсария баргузор мегардад, иштирок хоҳад кард.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!