Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 26 март 2017, 23:08

Дар задухурди шаҳри Ваҳдат як нафар кушта шуд

11 апрел 2012, 11:52

Дар задухурде, ки байни ду гурӯҳ рух дода, як ҷавони 22 сола ба ҳалокат расидаву чаҳор кас ҷароҳат бардоштаанд.

Тавре ба Озодагон аз Вазорати корҳои дохила иттиллоъ доданд, ин ҳодиса рӯзи 10-уми апрел дар майдончаи варзишии мактаби № 1-и шаҳри Ваҳдат байни ду гурӯҳ сар зада дар натиҷа шаҳрванд Ш. Анушервони 22 сола, сокини кӯчаи Салимзода аз сабаби бардоштани ҷароҳати вазнин ба ҳалокат мерасад.

Бино ба иттилои манбаъ, шаҳрвандон Ш. Ҷамшед ва Қ. Идибеги 16 сола, истиқоматкунандагони кӯчаи Салимзода, Н. Абдулаҳади 20 сола, сокини кӯчаи Бинокорон, Ҳ. Фахриддини 21 сола, сокини кӯчаи Рӯдакӣ ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.

Айни замон иштирокчиён ва нафарони ба  ин муноқиша иртибот дошта аз ҷониби кормандони ШКД-и шаҳри Ваҳдат боздошт гардида, мавриди пурсуҷӯй қарор доранд.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!