Дуюмин ҷашнвораи ансамблҳои оилавӣ зери унвони «Гули мақсуд» мегузарад.
Раҳматулло Раҳматуллоев, як масъули Вазорати фарҳанги Тоҷикистон гуфт, фестивали мазкур аз 20-ум то 30-уми майи соли равон дар шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои ҷумҳурӣ доир мегардад. Ба иттилои номбурда дар пайи ҷамъбасти давраи дуюм беҳтарин гурӯҳҳои хонаводагӣ ба ҷашнвораи сеюм, ки дар пойтахт баргузор хоҳад шуд, роҳхат мегиранд. Даври ниҳойии фестивал аз 20-ум то 23-юми июн дар театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ба нақша гирифта шудааст.
Мӯҳр