Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 23:32

Ҷаҳон Қурбонов низ ба Олимпиадаи Лондон роҳхат гирифт

12 апрел 2012, 04:55

Муштзани тоҷик Ҷаҳон Қурбонов дар сабқати интихобии олимпии осиёӣ оид ба бокс дар шаҳри Остона Сергей Склярови қирғизро мағлуб намуда, роҳхати Бозиҳои XXX-уми тобистонаи олимпиро соҳиб шуд.

Аз ин пештар Собирҷон Назаров низ дар мусобиқаи мазкур ба Олимпиадаи Лондон-2012 роҳхат гирифта буд.  Теъдоди муштзанҳои тоҷик, ки роҳхати Бозиҳои тобистонаи олимпиро доранд, ба се мерасад. Анвар Юнусов ҳам дар ин сабқати ҷаҳонӣ Тоҷикистонро муаррифӣ мекунад. Ба ҷуз аз боксчиҳо Дилшод Назаров (гурзандозӣ), Алишер Гулов, Фарҳод Неъматов (таэквандо), Искандари Рустам (гушти) шарафи кишвари моро дар Олимпиадаи Лондон ҳимоя хоҳанд кард.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!