Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 03:10

ВКД: Мусодираи 1145 килограмм маводи мухаддир дар панҷ моҳ

31 май 2011, 05:49

Аз борхалтаи шаҳрванди давлати исломии Афғонистон маводи сахттаъсири «ҳероин» дарёфт гардид.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии ВКД, 30-юми майи соли ҷорӣ ҳангоми гузаронидани корҳои фаврӣ- ҷустуҷӯи дар кӯчаи Ҳисори пойтахт Муҳамадқосим Муҳаммадорифи 46- сола, сокини кӯчаи Ҳисор, хонаи 19/2, ҳуҷраи 37,    барои ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор ба даст афтод. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз борхалтаи ӯ  беш аз  7 килограмм маводи сахттаъсири «ҳероин» дарёфт ва мусодира карда шуд. Айни замон дар робита ба ин парвандаи ҷиноӣ боз гардида тафтишот идома дорад Ёдовар мешавем, ки тайи  муддати сипаришудаи соли равон аз ҷониби кормандони милитсия 457 далели муомилотии ғайриқонунии маводҳои нашъадор ошкор шудааст, ки аз гардиши ғайриқонунӣ беш 1 тоннаву 145 килограмм навъҳои гуногуни маводи мухаддир мусодира карда шудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!