Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 30 май 2017, 10:30

Китобхонаи миллӣ «Бухорои шариф»-ро муаррифӣ мекунад

12 апрел 2012, 06:29

Фардо, 13-уми апрел дар маҷлисгоҳи Китобхонаи миллии Тоҷикистон нусхаҳои электронии аввалин рӯзномаи тоҷикии «Бухорои шариф» намоиш дода мешавад.

Ёдрас мешавем, чанд рӯз қабл Китобхонаи миллии Тоҷикистон 111 шумораи электронии аввалин рӯзномаи сирф тоҷикиро аз китобхонаҳои Ҳоланд ва Ӯзбакистон овард.

 

Тавре аз Китобхона миллӣ ба Озодагон гуфтанд, 72 шумораи «Бухорои шариф» аз китобхонаи Маркази пажуҳишии шаҳри Амстердам ва боқимонда аз китобхонаи шаҳри Тошкант ва Бухорои Ӯзбакистон дастрас шудааст. Ба иттилои манбаъ фардо ҳамчунин китобҳои «Наврӯз падидаи фарҳанги ҷаҳонӣ», «Китобномаи Наврӯз», «Сабкшиносӣ»-и Маликушшуаро Баҳор, «Таърихи Бухоро»-и Абӯбакр Муҳаммад ибни Ҷафари Наршахӣ ба намоиш гузошта мешаванд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!