Бахшҳо

Ҳафтаномаи «Фараж» боз ба додгоҳ даъват шуд

Имрӯз, соати 14:00 дар толори додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ марҳилаи нахустини баррасии қазияи додгоҳии Файзиддин Азизов аз болои Зевар Шарипова бо ҳамҷавобгарии ҳафтаномаи «Фараж» ифтитоҳ мешавад.

Дилшоди Абдулмаҷид директори иҷроияи Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон (МТЖ), ки муассиси нашрияи «Фараж» аст, зимни сӯҳбат бо хабаргузории Озодагон гуфт, воқеа аз он сар мешавад, ки «Фараж» 17 августи соли 2011 маводи шикоятии шаҳрванд Зевар Шариповаро бо номи «ДАҲШАТ ДАР СУДИ РӮДАКӢ: «МЕРСЕДЕС»- 22 000 ДОЛЛАР!!!!» ба нашр расонд. Дар ин мавод Шарипова аз қарори судиҷрочиёни додгоҳи  ноҳияи Рӯдакӣ шикоят кард. Дар он гуфта мешуд, ки нисбат ба оилаи онҳо дар суди ноҳияи Рӯдакӣ ноадолатӣ шудааст ва муфассал қайд шудааст, ки дар рафти барасии парванда судиҷрочиён ба кадом қоидавайронкуниҳо роҳ додаанд. Муаллифи мақола навиштааст, ки писараш дар роҳ аснои ҳаракат бо нақлиёт бо автамашинаи тамғаи «Мерседес», ки  ба Файзиддин Азизов таалуқ доштааст, бармехӯрад. Писари ӯ гунаҳгор дониста мешавад ва онҳо таъмири сабукрави Файзиддин Азизовро ба ӯҳда мегиранд. Аммо Азизов аз оилаи онҳо маблағи зиёд талаб мекунад ва аз болои онҳо ба суди ноҳияи Рӯдакӣ шикоят мебарад. Ташхисии техникии таъмири сабукрави ба садама дучоршударо 22 000 долар муайян кардааст. Дар ҳоле, ки худи Файзиддин Азизов қайд кардаст, ки мошинро соли 2007 ба маблағи 13 000 долар харидорӣ кардааст.

Дилшоди Абдулмаҷид мегӯяд,шаҳванд Файзиддин Азизов, ки яке аз тарафҳои парвандаи баҳсӣ мебошад, баъди чопи матлаб шаҳрванд дубора ба суди ноҳияи Рӯдакӣ гӯё бо айби туҳмат намудан ва зарари маънавӣ расондан ба ӯ, аз болои Зевар Шарипова ва ба унвони ҳамҷавобгар аз болои рӯзномаи «Фараж» низ шикоят мебарад. Вале суди ноҳияи Рӯдакӣ баррасии ин парвандаро рад мекунад. Ба он хотир, ки дар ин мавод сухан дар бораи ноадолатии суди ноҳияи Рӯдакӣ меравад. Баъдан Файзиддин Азизов бо нишонии яке аз ҳамҷавобгарон ба суди ноҳияи Фирдавӣ аризаи даъвогӣ пешниҳод мекунад. Вале суди ноҳияи Фирдавсӣ ба Файзиддин Азизов барои дуруст кардани баъзе ҳуҷҷатгузориҳо таъинот оид ба баргардонии аризаи даъвогӣ медиҳад. Моҳи гузашта Файзиддин Азизов аз болои Зевар Шарипова ва ба унвони ҳамҷавобгар аз болои рӯзномаи «Фараж» ба суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ шикоят бур два марҳилаи аввали баррасии он имрӯз муайян шудааст афзуд номбурда.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)