Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 23:01

Бонки миллӣ ба таъмини шаффофияти фаъолияти бонкӣ иқдом кардааст

12 апрел 2012, 09:34

Масъулини Бонки миллии Тоҷикистон мустаҳкам намудани боварии сармоягузорон ва истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявии бахши бонкиро яке аз мақсадҳои асосии рушди бонкдорӣ дар кишвар унвон карданд.

Тавре аз бонки мазкур ба Озодагон иттилоъ доданд, ҳавасмандкунӣ ва фаъол намудани раванди сармоягузорӣ яке аз вазифаҳои Бонки миллӣ дар соли 2012 буда, ҳамчунин дар ин самт, баланд бардоштани устувории молиявии бахши бонкӣ дар соли равон дар назар дошта шудааст: «Ҷорӣ намудани меъёри ягонаи ҳисоби фоизи қарзҳо, тадбиқи сиёсати ягонаи амнияти иттилоотӣ, ташкили кор оид ба пардохти қарзҳои мушкилситон, таъмини шаффофияти фаъолияти бонкӣ, баланд бардоштани дастрасии захираҳои қарзӣ, васеъ намудани хизматрасонии молиявӣ дар манотиқи деҳот ва навоҳии дурдасти кӯҳистон низ аз зумраи он корҳоест, ки дар соли ҷорӣ пешбинӣ шудаанд». Бино ба маълумоти бонки мазкур, имсол вазифаҳои дигари Бонки миллӣ такмили қонунгузории бонкӣ, таъсиси Бюрои таърихи қарзҳо ва мусоидат ба баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ мебошад.

 

 

 

 

 

 

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!