Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 02:50

ВКХ зарфияти касбии кормандони дипломатияшро боло мебарад

12 апрел 2012, 09:51

Имрӯз, 12-уми апрел дар Душанбе лоиҳаи  “Мусоидат ба рушди институтсионалии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон” ба тавсиб расид.

Аз ВКХ ба Озодагон хабар доданд, ки зери санади мазкур Ҳамрохон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон ва Александр Зуев, намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон имзо гузоштаанд. Бино ба иттилои манбаъ, мақсади лоиҳаи мазкур мусоидат ба таҳкими зарфияти касбии кормандони дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва баланд бардоштани дониши онҳо оид ба ваколатҳои ниҳодҳои СММ ва масъалаҳои глобалӣ мебошад. Ҳуҷҷат ҳамчунин дигар масъалаҳои муҳим, аз ҷумла барқарорсозии шарокат бо марказҳои миллӣ ва байналмилалии илмӣ ва муассисаҳои таълимӣ барои хизматрасонии илмӣ-тадқиқотӣ ба Вазорати корҳои хориҷӣ дар соҳаҳои мунтахабро дар бар мегирад.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!