Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 18:29

Мақоми баландпояи НАТО ғайримунтазира меҳмони Карзай шуд

12 апрел 2012, 11:29

Андерс Фог Расмуссен, дабири кулли НАТО имрӯз, 12-уми апрел бо як сафари қаблан эълоннашуда вориди Афғонистон шуд.

Роҳбари Паймони Атлантикаи Шимолӣ зимни ин дидор бо Ҳомид Карзай, райисҷумҳури Афғонистон дидору гуфтугӯ анҷом дод. Омодагӣ ба саммити НАТО, ки моҳи май баргузор мешавад, мавзӯи калидии мулоқоти онҳо будааст. Дар ҳамоиши Паймони Атлантикаи Шимолӣ бештар сари интиқоли масъулияти таъмини бехатарӣ аз нерӯҳои НАТО ба хадамоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи Афғонистон ва ҳамкориҳои минбаъдаи ин созмони низомӣ бо кишвари исломӣ сӯҳбат мешавад. Баъди мулоқот бо президенти Афғонистон Расмуссен ба сатҳи омодагии хадамоти нигоҳбонии Афғонистон баҳои баланд додааст. Гуфтанист, ин хадамот минтақаеро зери назорад дорад, ки 50 дар сади аҳолӣ ба сар мебаранд, ҳамчунин он 40 фисади амалиётҳои нақшавиро роҳбарӣ мекунад.

«Барои ба ояндаи нек умед бастан, заминаи эътимодбахш дорем. Ҳамарӯза хадамоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи Афғонистон нерӯмандтар ва дар фаъолияти худ устувортар мешавад»,-изҳор доштааст, дабири кулли НАТО.

Андерс Фог Расмуссен ҳамчунин қайд кард, ки баъди хуруҷи нерӯҳои НАТО ва пурра ба ихтиёри нерӯҳои Афғонистон гузаштани таъмини амният  низ ба мӯҳлати мадид бо ин кишвар ҳамкорӣ хоҳад кард.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!