Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 15:12

Тоҷикистон бо таҷҳизоти фаннии Амрико бо қоҷоқчиён мубориза мебарад

12 апрел 2012, 12:45

Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ба Агентии назорати маводи нашъаовари назди президент (АНМН) ба маблағи 480 ҳазор доллари амрикоӣ таҷҳизоти техникӣ тақдим кард.

Маросими  расмии супурдани ин таҷҳизот зӯҳри имрӯз, 12-уми апрел бо ҳузури сафири фавқулодда ва мухтори он кишвар дар Душанбе Кенн Гросс доир гардид. Рустам Назаров, директори Агентӣ зимни суханронӣ ҳамкориҳо миёни АНМН ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ИМА-ро дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ситоиш карда, онро созанда ва ба манфиати ҷонибҳо арзёбӣ кард. Вай таъкид дошт, ки ин ҳамкориҳоро Созишнома миёни Тоҷикистон ва ИМА ( 27 январи соли 2003) ва Ёддошти тафоҳуми Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Маъмурияти назорат бар риояи қонунҳо дар бораи маводи мухаддири Департаменти адлияи Иёлоти муттаҳида «Дар бораи ҳамкориҳо дар самти назорати муомилоти маводи мухаддир» (29 апрели соли 2011) асоси ҳуқуқӣ додаанд. Директори Агентӣ таъкид намуд, ки таҷҳизоти ироашуда иқтидори хадамоти фавриро дар мубориза бо маводи нашъаовар баланд хоҳад бардошт.

Кенн Гросс дар навбати худ гуфт ба самтҳои мусбати ҳамкориҳо миёни сафорати ИМА дар Тоҷикистон ва Агентии назорати маводи нашъаовар ишора карда, афзуд, ки ҳукумати кишвараш дар оянда низ ният дорад ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон, аз ҷумла АНМН барои муборизаи самаранок бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор кӯмаки техникӣ расонад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!