Бахшҳо

Ховалинг: Дарҳои бастаи ташкилотҳои давлатӣ. Ба хотири кишт

Ҳукумати ноҳияи Ховалинг ба хотири анҷом додани кишти баҳории зироат тақрибан ҳамаи кормандони давлатиро аз кор ҷавоб дод. Шурӯъ аз 1-уми апрел ҳукумати ноҳияи Ховалинг барои як муддати муайян кормандони ташкилоту корхонаҳои давлативу ҷамъиятиро аз кор ҷавоб додааст. Қодир Валиев, раиси ноҳия мегӯяд «зимистони имсола сарду хунук ва дароз омад. Бо иллати барфи зиёд деҳқонони ноҳия натавонистаанд кишти тирамоҳиро сари вақт ба анҷом расонанд. Кормандони ташкилотҳо низ замину хоҷагиҳо доранд. Ба хотири шудгору кишти баҳорӣ маҷбур шудем ин кормандонро муваққатан аз кор ҷавоб диҳем, то киштро ба анҷом расонда тавонанд». 6-уми апрел дари ҳамаи идораҳои ҷамоати деҳоти ноҳия ва Марказҳои саломатӣ баста буд ва ҳеч масъулеро пайи кор наёфтем. Дар Раёсати молия бошад аз 13 мутахассис танҳо 3 нафар дар утоқхои корӣ менишастанд. Ба қавли Мирзохон Бобохонов, сардори раёсат «бо супориши махсуси ҳукумати маҳаллӣ ҷамъи кормандон барои киштгузаронӣ дар заминҳояшон муваққатан ҷавоб дода шуданд». Вақте дар мавриди нақзи қонуни меҳнат сӯҳбат шуд, ҷаноби Бобохонов гуфт: «Мо раис шуда 4 зердастамонро ҷавоб дода наметавонем? Кишт мондааст, замин бекор мемонад». Дар ҳоле, ки ҳукумати маҳаллӣ ва масъулини ташкилотҳои давлатӣ қонун «Дар бораи меҳнат»-ро нодида гирифта, гузашта аз ин аз он пуштибонӣ кардан намехоҳанд, кафолати риояи дигар қонуну қавоидро дар ноҳияи кӯҳистон кӣ ӯҳда карда метавонад?  
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)