Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 03:15

Сусан Марш Эллиот сафири Амрико дар Тоҷикистон мешавад

13 апрел 2012, 03:04

Барак Обама, президенти ИМА пешниҳод кардааст, ки сафири нави кишвараш дар Тоҷикистон Сусан Марш Эллиот таъин шавад. Хонум Эллиот феълан муовини ёвари вазири Хадамоти хориҷии вазорати корҳои хориҷии Амрико оид ба Осиёи Ҷанубиву Марказӣ аст. Вай солҳои 1994-95 дар Дафтари ҳамоҳангсоз барои муноқишаҳои минтақаӣ дар кишварҳои ИДМ кор кардааст. Солҳои 2007-2009 дар сафорати Амрико дар Белфаст (Ирландияи Шимолӣ) ба ҳайси сармутахассис фаъолият карда, давоми солҳои 2009-2010 дар сафорати Амрико дар Маскав вазифаи вазир-мушовир дар умури сиёсиро дошт.Сусан Марш Эллиот дар Тоҷикистон ба курсии Кеннет Гросс мешинад. Гросс аз моҳи октябри соли 2009 ба ин сӯ ба сифати сафири ИМА дар Душанбе фаъолият дорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!