Бахшҳо

Дар Остона аз суръати паҳншавии доруҳои психотропӣ изҳори нигаронӣ шуд

Қочоқи мухаддироти мансуб ба гурӯҳи афюн аз Афғонистон қатъ намешавад ва он амнияти кишварҳои узви СПАД-ро таҳдид мекунад.

Ин матлаб дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти салоҳиятдор дар муқобилият бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадори кишварҳои узви СПАД эълон шуд. Ҳамоиши мазкур дар шаҳри Остона, пайтахти Қазоқистон ҷараён гирифт. Тоҷикистонро дар ин ҷаласа Вайсиддин Азаматов, муовини аввали директори Агентии назорати маводи нашъадори Тоҷикистон (АНМН) намояндагӣ кард.
Тавре ба Озодагон аз АНМН хабар доданд, зимни ҷаласа ширкаткунандагон аз босуръат паҳн шудани маводи синтетикӣ ва доруҳои психотропӣ изҳори нигаронӣ карданд.
Ширкаткунандагони ҷаласа зикр намуданд, ки дар маҷмӯъ Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти салоҳиятдор дар муқобилият бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддири кишварҳои узви СПАД таҷрибаи ғании мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ҳосил кардааст ва табодули ахбори фаврӣ яке аз самтҳои самарабахши ҳамкориҳост.
Бо назардошти таҳдидҳои амниятии интиқоли мухаддиротӣ дар ҷаласаи Шӯро ба зарурияти рушди минбаъдаи ҳамкориҳо миёни ҳамаи кишварҳои манфиатдор дар самти муқобилият бо таҳдиди маводи мухаддир таъкид шуд.
«Ҳамоҳангӣ миёни НАТО ва СПАД метавонад механизми муносиби тақсими вазифаҳо дар нобудсозии тавлиди мухаддирот дар Афғонистонро ба миён орад. Масалан, НАТО метавонад анборҳои захираи маводи нашъадор, кишти кӯкнор ва дигар зироатҳои нашъадорро дар Афғонистон аз байн барад ва кишварҳои узви СПАД аз ҳама воситаҳои мумкин истифода мебаранд, то садди роҳи қочоқи мухаддирот аз Афғонистон  шаванд ва фаъолияти гурӯҳҳои муташаккили ҷиноии мухаддиротиро қатъ намоянд»,-изҳор шуд дар ҷаласа.
Дар ҳамоиш ҳамчунин дар мавриди таъсиси гурӯҳи кории Шӯро оид ба ҳамкориҳои байниидоравӣ дар самти пешгирӣ, дар бораи соли 2012 ташкил намудани ҷамъоварии таълимӣ-методии қисми таъиноти махсуси Хадамоти давлатии Қирғизистон оид ба назорати маводи нашъовар, Хадамоти Федералии Русия оид ба назорати маводи мухаддир (ХФНМН), Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон ва гузаронидани омӯзиш дар базаи ХФНМН-и Русия бо номи рамзии "Гром-2012" қарор қабул гардид.
Қарор аст,  нимаи дуюми соли 2012 миёни Шӯрои Ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти салоҳиятдор дар муқобилият бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддири кишварҳои узви СПАД ва Шӯрои формондеҳони нерӯҳои марзбонии давлатҳои узви ИДМ имзои Ёддошти тафоҳум доир гардад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)