Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 24 июн 2017, 17:14

Шӯрои ВАО хостори баррасии мунсифонаи қазияи рӯзноманигори «ИмрӯзNews» шуд

13 апрел 2012, 11:30

Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон унвонии вазири умури дохилаи кишвар ҷиҳати баррасии мунсифонаи қазияи журналисти рӯзномаи «ИмрӯзNews» расман муроҷиат кард.

Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз дастгоҳи марказии ин ташкилоти рӯзноманигорон иттилоъ доданд, дар нома аз ҷумла омадааст, ки рӯзи 8-уми апрели соли равон, аснои баргузории ҷашни Наврӯз дар дехаи Қалъаи нави шаҳри Роғун корманди ШКД-и ноҳияи мазкур Маликшо Мусоев санади рӯзноманигории Завқибек Солеҳовро аз ӯ гирифтааст ва то ҳол барнагардонидааст.

Ҳамчунин, дар муроҷиати Шӯрои ВАО қайд гардидааст, ки журналист аз ин мушкил ба   созмонҳои марбутаи рӯзноманигорӣ шикоят карда, зимнан ба дафтари матбуотии ВКД ва телефонии боварии вазорат низ муроҷиат дошт.

Манбаъи хабар афзуд, Шӯрои ВАО бо ирсоли нома аз Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилаи кишвар дархости расидагӣ ба ҳалли мусбати ин қазияро иброз доштааст.

 

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!