Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 15:38

Бонки миллии Тоҷикисон меъёри бозтамвилро боз як банди фоизӣ паст кард

14 апрел 2012, 03:31

Аз Бонки миллии Тоҷикистон ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, ки меъёри бозтамвил дар сатҳи 8,0%-и солона муқарар гардид.

«Амали мазкур дар доираи барномаи татбиқи сиёсати мутавозуни пулию қарзӣ ва танзими меъёрҳои фоизӣ дар низом татбиқ мешвад»,-афзуд манбаъ. Масъулини Бонки миллӣ паст намудани меъёри бозтамвилро яке аз омилҳои беҳтар намудани шароити қарздиҳӣ барои рушди соҳибкорӣ унвон карданд. Бино ба хабари сарчашма чанде қабл аз ин, 16-уми феврали соли равон меъёри бозтамвил 0,8 банди фоизӣ паст карда шуда буд: «Қарзҳои додашудаи бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ дар соҳаҳои мухталиф дар моҳҳои январ-феврали соли равон 642,4 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки аз ин нишондод 461,0 миллионаш ба бахши соҳибкорӣ рост меояд».



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!