Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 13:36

Ҷангиёни афғон: Покистон моро барои тахриби мактабҳо истифода мекард

14 апрел 2012, 03:37

Мулло Абдул Саттор, пешвои як гурӯҳи ҷангҷӯи афғон дар музофоти Фараҳ бо 10 пайрави худ ба ҷониби ҳукумати қонунӣ гузаштааст.

Ба иттилои расонаҳо ин гурӯҳ баъди панҷ соли ошубгарӣ эълон кардааст, ки аз хушунатҳо даст мекашад. Ин гурӯҳ ҳамчунин 15 силоҳи оташфишонро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таслим кардаанд. «Баъди он ки дарк кардам Покистон моро барои он истифода мекунад, ки мактабҳоро хароб кунад, тасмим гирифтам фаъолияти ошубгариро канор гузорам», -изҳор доштааст, мулло Абдул Саттор.

Радиои «Салом Ватандор»-и давлати исломӣ хабар медиҳад, ки аз замони роҳандозии барномаи оташбас дар вилояти Фараҳ 185 ҷангӣ аз мубориза бо нерӯҳои ҳукуматӣ даст кашидаанд.

Гуфта мешавад, дар ҳафтаи ҷорӣ ин севумин ҳолати ба ҷониби ҳукумат гузаштани ошубгарон аст. Қаблан, 26 ҷангии дигар аз музофоти Бағлон ва 7 кас аз вилояти Ҳилманд ба оташбас пайвастанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!