Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 03:16

Фарҳанги мукаммал, вале "номукаммал"-и забони тоҷикӣ дар Душанбе таълиф шуд

14 апрел 2012, 06:31

"Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ", ки ҷилди нахустини он чанде пеш ба дасти хонандагон расид, мутаассифона, гувоҳи  пасрафти фарҳангнигорӣ дар солҳои охир дар Тоҷикистон мебошад.

Ин фарҳанг ҳам чун фарҳанги қаблии тафсирӣ, ки низ маҳсули илмии кормандони ҳамин  Институти забон ва адабиёти ба номи  Рӯдакӣ буда ва боиси интиқодҳои шадид гардид, балки бештар аз он анборе пур  аз ғалату хатост.

 

Ин аст, ки ман аз одати маъмул ва роиҷи нақди китоб дар Тоҷикистон, ки агар тақриз мусбат ва таърифист, дар охир, пас аз "вале" ("аммо", "лекин") чанд нақси онро низ, ки "ба ҳеч ваҷҳ аз қимати китоб накостааст", бармешуморанд ва агар интиқодист, дар оғоз чанд сифаташро низ мегӯянд, даст кашидам. Чун номукаммалиҳои "Фарҳанги мукаммал…" он қадар бисёр ва он қадар хатарзост, ки андак  сифати мусбаташ дар сояи анбӯҳи ғалатҳояш қарор мегирад.

Муаллифони фарҳанг муҳимтарин аслҳои фарҳангнигориро муроот накарда ва ё амдан онҳоро вайрон кардаанд ва муҳаррирони масъулаш низ гӯё ин адами муроъот ва таҳрифотро надидаанд.

Идомаи ин матлаби Қодири Рустамро бо нохун задан рӯи ин нишонӣ мутолиа хоҳед кард:  http://www.ozodagon.com/ad/4574

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!