Бахшҳо
14 апр 2012 07:20Хабарҳои ҷаҳон

Коршинос: Хонадони Оли Саъуд барои ҳаллу фасли бӯҳрон танҳо аз роҳи низомӣ истифода мекунад

Коршиноси сиёсии Арабистон густариши эътирозҳо ба шаҳри Табук, шимолу ғарби ин кишварро як амри табии унвон кард.

Фуод Иброҳим, коршиноси сиёсии Арабистон дар мусоҳибааш бо расонаҳои хабарии минтақа гуфт, бо таваҷҷӯҳ ба мушкилоти бузург дар бахшҳои мухталифи Арабистон, густариши эътирозҳо ба шаҳри Табук ва донишгоҳи ин шаҳр табиӣ аст.

Фуод Иброҳим афзуд: «Давлати Арабистон, ки ба масъулиятҳои худ амал намекунад, масъули бӯҳрон ва мушкилоти ин кишвар аст ва барои ҳаллу фасли ин бӯҳрон танҳо аз роҳи низомӣ ва амниятӣ истифода мекунад».

Ба гуфтаи ин коршинос хонадони Оли Саъуд дар бархӯрд бо эътирозҳои донишҷӯӣ ва мардумӣ, ҳар бор иштибоҳоти гузаштаро такрор мекунад ва дар натиҷа ҳаҷми эътирозҳо дар манотиқи дигар афзоиш меёбад.

Нерӯҳои амниятии Арабистон ахиран ба гирдиҳамоии донишҷӯён дар шаҳри Табук ҳамла карданд, ки бар асари он панҷ донишҷӯ захмӣ шуд. Ин гирдиҳамоӣ дар эътироз ба рафтори табъизомези масъулон ва устодони Донишгоҳ  баргузор шуда буд.

Чанде пеш низ, нерӯҳои амниятии Арабистон ба тазоҳуроти донишҷӯёни Донишгоҳи Абҳо, дар шимоли ин кишвар ҳамла карданд, ки сабаби кушта шудани як духтар ва захмӣ гардидани 53 муҳассили дигар шуд.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)