Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 08:51

Оқил Оқилов дар анҷумани соҳибкорони Покистону Тоҷикистон

31 май 2011, 08:19

Анҷумани соҳибкорон ва тоҷирони Покистону Тоҷикистон дар Душанбе идома дорад.

Тибқи иттилои палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ҳайъати саднафараи соҳибкорон аз Исломобод  рӯзи 30-юми май вориди пойтахти Тоҷикистон шуданд. Субҳи имрӯз ҳамойиши мазкур бо сухани ифтитоҳии Оқил Оқилов, нахуствазири Тоҷикистон шурӯъ гардид. Ҳадафи аслии ин нишаст  баррасии имконот ва зарфиятҳои сармоягузории ширкатҳои покистонӣ дар иҷрои тарҳҳои мухталиф дар Тоҷикистон унвон мешавад. Бино ба қавли соҳибкорони покистонӣ Исломобод  алоқаманди густариши ҳамкориҳо дар бахшҳои тавлиди барқи обӣ ва алюминий дар Тоҷикистон аст. Маврид ба ёдоварист, Тоҷикистон низ дурнамои ҳамкориҳояшро бо Покистон тарҳрезӣ карда, бунёди хати баландшиддати интиқоли барқ  САSA-1000 тавассути Афғонистон аз авлавияҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ унвон мегардад. Дар ҳамин ҳол, давлати ҳамсояи мо Ӯзбакистон низ талош меварзад, ки ба бозори Покистон барқи худро тавассути тарҳҳои худ ворид созад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!